СУРУДИ РАСТОХЕЗ
Ба по бархостам,
Пурдарду хашмолуд,
Зи по бигсехта занҷир,
Даст озод,
Нигоҳам шуълахези кӯраи оташфишони хашм
Ва ман лабрези хашми ваҳшии фарёд.
Ба по бархостам,
Дасте ниҳода бар дили хунбор
Ва дасте бо дирафши халқи размоҳанг,
Забонам ташнасӯзи вожаи дилхоҳ,
Сурудам шуълавар дар чашми оташранг.
Суруди оташу хун,
Шуълатоби кӯраи бедод,
Суруде додхоҳи кинаҳое гумшуда аз ёд,
Суруди ташнаи лабрез,
Суруди хашми растохез.
Суруди ранҷзоду зиндагипарвард,
Суруде, к-аш шиканҷи марг натвонаш шикаст овард.
Ва инак ман,
Ки бо лабҳои рангафсурдаи хомӯш,
Шукуфти ғунчаҳои хандатонро дӯст медорам,
Чу ширин хандаҳои боғ,
Ба домони баҳори шӯхи гармоғӯш,
Зимистони сукути хештанро мегузорам дар дили пурдоғ
Ва дар мотамсарои синаҳотон,
Шуъла меороям аз ин бонги оташгир,
Фурӯ гиред ашк аз гунаҳои зард,
Ва бардоред даст аз нолаҳои сард.
Ва биспоред бо ман гӯш,
Суруди синаи танги шумо меҷӯшад аз ин бонги оташнок
Ва аз баҳри шумо бармекушояд ин суруд оғӯш
Ва ман дар ин суруди пок,
Гулӯи нолаҳои хешро афшурдаам хомӯш
Ва ашки дардҳои хешро афшондаам бар хок.
Чӣ шодиҳо,
Ки дар худ метапад пуршӯр,
Ба шавқи ин диловар синаҳои реш?
Чӣ бас хуршед,