Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

БА НОЗИМ ҲИКМАТ

Мисли як бӯсаи гандум, Мисли як ғунчаи сурх, Мисли як парчами хунини зафар, Дили афрӯхтаамро ба ту мебахшам, Нозим Ҳикмат! Ва на танҳо дили ман, Ҳама ҷо хонаи туст: Дили ҳар кӯдаку зан, Дили ҳар мард, Дили ҳар кӣ шинохт, Башаре нағмаи уммеди туро, Ки дар он ҳар шабу рӯз, Зиндагӣ ранги дигар, тарҳи дигар мегирад. Зиндагӣ, зиндагӣ, Аммо на бад-ин гуна, ки ҳаст, На бад-ин гуна табоҳ, На бад-ин гуна палид, На бад-ин гуна, ки акнун ба диёри ману туст. Ба диёре, ки фурӯ мешикананд, Шабчароғе чу ту гетиафрӯз. В-аз сипеҳри Ватанаш меронанд, Оре, эй Ҳикмат, хуршеди бузург! Офтобе чун ту, Ба куҷо хоҳад рафт, Ки набошад Ватанаш? Ва ту медонӣ, Нозим Ҳикмат! Рӯи коғаз зи касе, Ватанашро натавонанд гирифт. Оре, эй Ҳикмат, хуршеди бузург! Шарқ то Ғарб ситоишгари туст. В-аз карон то ба карон гӯши ҷаҳон, Пардаи нағмаи ҷонпарвари туст. Чуғдҳо, Дар шаби табзадаи Меҳани мо, Мефишонанд ба хок, Ҳар куҷо ҳаст чароғе тобон Ва гулу ғунчаи боғи моро, Ба ситам мерезанд, Пеши пои хукон.