Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ҲАФТУМИН АХТАР

Эй дареғо, чӣ гуле рехт ба хок, Чӣ баҳоре пажмурд? Чӣ диле рафт ба бод? Чӣ чароғе афсурд? Ҳар шаб ин дилҳураи оташсӯз, Хобам аз дида рабуд, Ҳар саҳар чашм кушудам нигарон, Чӣ хабар хоҳад буд? Сарнавишти дили ман буд дар ин биму умед, Оҳ, эй чашмаи нӯшини ҳаёт, Эй умеди дилбанд. Гарчи сад бор дилам аз ту шикаст, Ҳеч гоҳ аз лаби нӯшат набуридам пайванд. Охир, эй субҳдами хунолуд, Омад он ханҷари бедод фуруд. Шаш ситора ба замин дарғалтид, Шаш дили шер фурӯ монд аз кор. Шаш садо шуд хомӯш, Бонги хун дар дили решам бархост, Пур шудам аз фарёд. Ҳафтумин ахтари субҳи сайёҳ, Дили ман буд, ки бар хок афтод.