ДАР ЗАНҶИР
Боли фариштагони саҳарро шикастаанд,
Хуршедро гирифта ба занҷир бастаанд,
Аммо ту ҳеч гоҳ напурсидаӣ, ки мурд,
Хуршедро чӣ гуна ба занҷир мекашанд?
Гоҳе чунон дар ин шаби табкардаи абӯс,
Пои замон ба қир фурӯ меравад, ки мурд.
Андеша мекунад,
—Шабро гузор нест.
Аммо ба чашмҳои ту, эй чашмаи умед,
Шаб пойдор нест.