ҚИССА
Ҳаргиз ин қисса надонист касе,
Он шаб омад ба сарои ману хомӯш нишаст.
Сар фурӯ дошт, намегуфт сухан,
Нигаҳаш аз нигаҳам дошт гурез.
Муддате буд, ки дигар бо ман,
Бар сари меҳр набуд.
Оҳ, ин дарди маро мефарсуд:
«Ӯ ба дил ишқи дигар меварзад».
Гиря сар додам дар домани ӯ,
Ҳой- ҳое, ки ҳанӯз
Танаам аз хотирааш меларзад.
Бар сарам даст кашид,
Дар канорам биншаст,
Бӯса бахшид ба ман,
Лек медонистам,
Ки дилаш бо дили ман сард шудаст.