ГИРЯИ СЕБ
Шаб фурӯ меафтод,
Ба дарун омадаму панҷараҳоро бастам,
Бод бо шоха даровехта буд.
Ман дар ин хонаи танҳо танҳо,
Ғами олам ба дилам рехта буд.
Ногаҳон ҳис кардам,
Ки касе он ҷо
берун дар боғ,
Дар паси панҷараам мегиряд,
Субҳгоҳон шабнам,
Мечакад аз гули себ.