Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

МАН БА БОҒИ ГУЛИ СУРХ

Дар кушуданд ба боғи гули сурх Ва мани дилшударо Ба саропардаи рангини тамошо бурданд. Ман ба боғи гули сурх, Бо забони булбул хондам, Дар самоъи шаби сарвистон даст афшондам. Дар парихонаи пурнақш ҳазор ойинааш, Хештанро ба ҳазорон симо дидам. Бо лаби ойина хандидам. Ман ба боғи гули сурх. Ҳамраҳи қофилаи рангу нигор, Ба сафар рафтам, Аз хок ба гул, Рақси рангини шукуфтанро Дар чашмаи нур Мужда додам ба баҳор. Ман ба боғи гули сурх, Зери он соқаи тар, Атрро замзама кардам то субҳ. Ман ба боғи гули сурх, Дар тамоми шаби сард, Рӯшноиро хондам бо об Ва саҳарро ба гулу сабза башорат додам.