Шеърҳо бо теги: ғазал
Шеърҳои марбут ба теги «ғазал» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Чанд савол эй писар, ки чист тасаввуф,
Чанд савол эй писар, ки чист тасаввуф, Тасфия кун хотир аз ғубори такаллуф. Дур неҳ аз ҳарчи ҳаст пойи таманно, Боз каш аз ҳарчи ҳаст дасти тасарруф.
Ба соид то ниҳод он симбар доғ,
Ба соид то ниҳод он симбар доғ, Диле дорам, зи дасташ доғ бар доғ. Ба тан то дидаам к-ӯ доғҳо сӯхт, Бувад сад доғ бар ҷонам зи ҳар доғ.
Гарчи сӯзад дили парвона зи савдои чароғ,
Гарчи сӯзад дили парвона зи савдои чароғ, Накунад пеши маҳи рӯйи ту парвои чароғ. Зери пои ту сари зулфи сиёҳи ту кунад Равшан ин нукта, ки торик бувад пои чаро
Маро дилест зи тан ғофилу зи ҷон фориғ,
Маро дилест зи тан ғофилу зи ҷон фориғ, Ба ёди ту зи ҷаҳону ҷаҳониён фориғ. Бувад яқину гумон дар шуҳуди ишқ ҳиҷоб, Хушо диле зи яқин холӣ аз гумон фориғ.
Маҷлисе хоҳам тиҳӣ аз сулҳу холӣ аз низоъ,
Маҷлисе хоҳам тиҳӣ аз сулҳу холӣ аз низоъ, Аҳли ваҳдат карда дар вай нақши касратро видоъ. Соқиён аз як тараф пур сохта ҷоми шароб, Мутрибон аз як тараф бардошт
Ҷабин назми ҳусни рухатрост матлаъ,
Ҷабин назми ҳусни рухатрост матлаъ, Ду абрӯ зи матлаъ фурӯтар ду мисраъ. Чунон медурахшад зи бурқаъ ҷамолат, Ки шуд риштаи нур ҳар тори бурқаъ.
Офтобӣ туву аъёни вуҷудат матлаъ,
Офтобӣ туву аъёни вуҷудат матлаъ, Пеши ориф лақабат воҷиби мумкин бурқаъ. Чун ниҳам пойи талаб дар равиши ақл, ки ҳаст, Кӯтаҳ аз домани идроки туаш дасти тамаъ.
Ба коми нафс зи ҷоми фано наёбӣ ҳаз,
Ба коми нафс зи ҷоми фано наёбӣ ҳаз, Ба гоми ақл зи мулки бақо наёбӣ ҳаз. Фанои ишқ шаву аз фано фано шав низ, Ки бе фанои фано аз Худо наёбӣ ҳаз.
Ҷавҳар вуҷуди ишқ бувад, мобақо – араз,
Ҷавҳар вуҷуди ишқ бувад, мобақо – араз, Ан фо такум фалайса ламо фоти ман аваз. Шуд умрҳо, ки аҳди вафо бастаам ба ишқ, Умре мазо ва аҳдӣ бил ишқи мабтаа.
Аз юмни ишқ сураи Юсуф, ба ҳукми нас,
Аз юмни ишқ сураи Юсуф, ба ҳукми нас, Шуд дар миёни ҷумла сувар аҳсан-ал-қисас. Аз раҳ чунон ба ишқ, ки набвад хабар туро, Аз сахтии азоиму осонии рахас.
Эй дил, матоъи ҷон ба лаби лаъли ёр бахш,
Эй дил, матоъи ҷон ба лаби лаъли ёр бахш, Нақди хирад ба ҷоми майи хушгувор бахш. Овард бод бӯи баҳор аз чаман, чу гул Авроқи илму фазл ба боди баҳор бахш.
Додӣ зи лутф хӯе маро бо висоли хеш,
Додӣ зи лутф хӯе маро бо висоли хеш, В-онгаҳ нуҳуфтӣ аз назари ман ҷамоли хеш. Шукри Худойро натавонӣ, ки як нафас, Пайванди хотирам бубарӣ аз хаёли хеш.
Ҷону дил пайванд кун бо ёри бемонанди хеш,
Ҷону дил пайванд кун бо ёри бемонанди хеш, Ҳарчи ғайр аз ишқи ӯ банд аст бигсил банди хеш. Ӯ ба зоти худ ғании мутлақ омад, лек нест Дар зуҳури ин ғано муҳтоҷи
Он ки бар хайли бутон сохт Худо подшаҳаш,
Он ки бар хайли бутон сохт Худо подшаҳаш, Сурмаи аҳли назар бод ғубори сипаҳаш. Шармсорам, ки чу ояд ба сарам қосиди ӯ, Барнаёяд зи танам ҷон, ки фишонам ба раҳ
Нишастӣ дур аз ин муштоқи маҳҷур,
Нишастӣ дур аз ин муштоқи маҳҷур, Ки натвон моҳро дидан ҷуз аз дур. Сулаймонӣ туву лаъли ту хотам, Хатат бар гирди хотам анбарин мӯр.
Макун дар куштанам з-ин беш тақсир,
Макун дар куштанам з-ин беш тақсир, Чу ман мурдам зи ғам, дигар чӣ тадбир. Шуда доми ҷунун рӯи ту бар халқ Бар он дар зулфи ту аз мушк занҷир.
Кори ман омад ба ҷон аз ёри дур,
Кори ман омад ба ҷон аз ёри дур, Нест ҷон додан чунон аз кори дур. Ин ки гӯӣ, чунӣ аз ғам? Чун бувад Тан зи ҷон танҳо, дил аз дилдор дур?
Зиҳӣ нури ту аз ҳар зарра зоҳир,
Зиҳӣ нури ту аз ҳар зарра зоҳир, Камоли ваҳдати зоти ту – қоҳир. Туӣ аввал, туӣ охир, валекин, На аввал бошадат пайдо, на охир.
Агар парда бархезад аз рӯи кор,
Агар парда бархезад аз рӯи кор, Набинӣ дар он парда ҷуз рӯи ёр. Бидонӣ чу зоҳир шавад пардагӣ, Ки ҳам парда ӯ буду ҳам пардадор.
Гар ҳамчу уд ҷо диҳадам ёр дар канор,
Гар ҳамчу уд ҷо диҳадам ёр дар канор, Аз дасти ӯ кунам бари ӯ нолаҳои зор. Гӯям ба ӯ, ки: «эй ба сарангушти марҳамат Бигрифта набзи музтарибамро табибвор».
Шамт барқон ялваҳу ли-л-асрор,
Шамт барқон ялваҳу ли-л-асрор, Кода ямҳу бириқату-л-анвор. Оташе тофт аз навоҳии Тур, Дил ба он сӯ шитофт Мӯсивор.
«Маънал вуҷуди фи-сувари-л-кавн қад зуҳар,
«Маънал вуҷуди фи-сувари-л-кавн қад зуҳар, Мо зарра сирр-и-ваҳдатиҳу касрат-ус-сувар». Нури вуҷуд меҳру ҳақоиқ маҳанд, аз ин Бишнос маънии ҷамеъ-ул-шамс ва-л-қа
Биё, ки хастадилонро туӣ маъози маъоз,
Биё, ки хастадилонро туӣ маъози маъоз, Биё, ки ҳукми туро нест монеъе зи нифоз. Мадеҳ ғурур ба лаззоти хулдам, эй зоҳид, Ки нест ҷуз ба аламҳои ишқам истилзоз.
Ҳар кас, ки суди чеҳра ба роҳи ту суд кард,
Ҳар кас, ки суди чеҳра ба роҳи ту суд кард, Дар рӯи ту ҷамоли азалро суҷуд кард. Мискин фақеҳ гӯши ишоратшунав надошт, Манъи самоу замзамаи чангу руд кард.
Хабари омадани ёр дилам хуррам кард,
Хабари омадани ёр дилам хуррам кард, Лек ноомаданаш айши маро барҳам кард. Шодие нест, ки сад гуна ғамаш нест зи пай, Эй хуш он кас, ки дар ин ғамкада хӯ бо ғам
