Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Маҷлисе хоҳам тиҳӣ аз сулҳу холӣ аз низоъ,

Маҷлисе хоҳам тиҳӣ аз сулҳу холӣ аз низоъ, Аҳли ваҳдат карда дар вай нақши касратро видоъ. Соқиён аз як тараф пур сохта ҷоми шароб, Мутрибон аз як тараф бардошта даври самоъ. Тангдастонро муяссар давлате беинтизор, Майпарастонро муҳайё ишрате беинқитоъ. Май бувад хуршеду соғар моҳ дар даври фалак Кас надидаст инчунин хуршеду маҳро иҷтимоъ. Чун ниҳам хуршед номи май, ки дар вақти тулӯъ Сад чу хуршедаш намояд музмаҳал таҳтулшуоъ. Хуш сутурлобест паймона, ки бе вай кам гирифт, Аз ҳазизи хум касе хуршед майро иртифоъ. Ҷомӣ, аз фақру фано бар дӯш дорад хирқае, К-аш тирози остини лоюҳабб аст вал ибоъ.