Ҷабин назми ҳусни рухатрост матлаъ,
Ҷабин назми ҳусни рухатрост матлаъ,
Ду абрӯ зи матлаъ фурӯтар ду мисраъ.
Чунон медурахшад зи бурқаъ ҷамолат,
Ки шуд риштаи нур ҳар тори бурқаъ.
Фитад бахя бар рӯ, чу аз пардапӯшӣ,
Назад шайхано васлае бар мураққаъ.
Ғамат дар дилам тухми айши абад шуд,
Бале, ин саро он саророст мазраъ.
Ба майхона гар қолабам хишт гардад,
Равам бар сари хум нишинам мураббаъ.
Чу ҷамъият ободи дилҳост зулфат,
Ба ҳар ҳалқа ҷамъе дигар карда маҷмаъ.
Ба зулфи ту қатъи сухан кард, Ҷомӣ
Кам афтад ғазалро бад-ин лутфи мақтаъ.