Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Маро дилест зи тан ғофилу зи ҷон фориғ,

Маро дилест зи тан ғофилу зи ҷон фориғ, Ба ёди ту зи ҷаҳону ҷаҳониён фориғ. Бувад яқину гумон дар шуҳуди ишқ ҳиҷоб, Хушо диле зи яқин холӣ аз гумон фориғ. Муназзаҳӣ зи макону замону бас аҷаб аст, Ки на макон зи ту холист, на замон фориғ. Магӯ, чӣ суд зи савдои ман, ки ман ҳастам, Дар ин муомила аз суду аз зиён фориғ. Маро ба теғи сиёсат бикуш, ки куштаи ишқ, Бувад зи орзуи умр ҷовидон фориғ. Забон ба ёди ту машғулу дил ба ёди ту хуш, На дил тиҳист маро аз ту на забон фориғ. Диҳад фароғ зи дастони ақл қиссаи ишқ, Мабош, Ҷомӣ, аз ин турфа достон фориғ.