«Маънал вуҷуди фи-сувари-л-кавн қад зуҳар,
«Маънал вуҷуди фи-сувари-л-кавн қад зуҳар,
Мо зарра сирр-и-ваҳдатиҳу касрат-ус-сувар».
Нури вуҷуд меҳру ҳақоиқ маҳанд, аз ин
Бишнос маънии ҷамеъ-ул-шамс ва-л-қамар.
Сорест дар ҳама, чу ба зоту сифоти хеш,
Донӣ, ки ӯст, гар ба ҳақиқат кунӣ назар.
Гӯё ба ҳар забону тавоно ба ҳар тавон,
Доно – ба ҳар басирату бино – ба ҳар басар.
Кай з-ӯ хабар ба як сари мӯ ёбад он ки ҳаст,
Дар роҳи ишқ як сари мӯ аз худаш хабар.
Баҳри сифоти ишқу кадар мосивои ӯ,
Шав ошнои баҳри сафо в-аз кадар гузар.
Ҷомӣ, сарири хомаат инно аналлаҳ аст,
Гӯё, ки ту калим шудӣ хомаат – шаҷар.