Биё, ки хастадилонро туӣ маъози маъоз,
Биё, ки хастадилонро туӣ маъози маъоз,
Биё, ки ҳукми туро нест монеъе зи нифоз.
Мадеҳ ғурур ба лаззоти хулдам, эй зоҳид,
Ки нест ҷуз ба аламҳои ишқам истилзоз.
Ба силки зумраи асҳоб аз он сабаб раҳ ёфт,
Ки буд нақди ҷабал гавҳари вуҷуди маъоз.
Фикан ба мавҷи фано рахти худ, ки моҳиро,
Нагашт з-офати соҳил ба ғайри мавҷ маъоз.
Ба номуродии ушшоқ кай тавонад сохт,
Чунин ки хоҷа асири малоҳае асту малоз.
Хаёли кашфи ҳақиқат макун ба қуввати фикр,
Ки ин луғат ба қиёси хирад намояд шоз.
Ба ошиқони сабукрав куҷо расӣ, Ҷомӣ,
Зи бори ҳастии худ ношуда ҳақиқатбоз.