Шамт барқон ялваҳу ли-л-асрор,
Шамт барқон ялваҳу ли-л-асрор,
Кода ямҳу бириқату-л-анвор.
Оташе тофт аз навоҳии Тур,
Дил ба он сӯ шитофт Мӯсивор.
Дидаи интизор бар роҳем,
Савфа яъти биҷузвати мин нор.
Оварад шуълае, ки ҷузваи он,
Занад оташ ба хирмани пиндор.
Бар ту равшан кунад, ки ёр якест,
Лек номаш ҳазору як бишмор.
Чун ба ҳар як ҷудо-ҷудо бинмуд,
Ёр шуд аз ҳазору як ағёр.
Гар зи пеш он шумор бардорӣ,
Ҳеч боқӣ намонад ило ёр.
Рӯ намояд зи пардаи ману ту,
Сирри ваҳдат зи касрат аст такрор.16
Равад аз корхонаи шабу рӯз,
Ваҳми имсол ҳамчу туҳмати пор.
Дару девори дори кавну макон,
Гӯядат: лайса ғайраҳу фи-д-дор.
Лаб дар ин гуфтугӯ маҳрам нест,
Дам фурӯ банд, Ҷомӣ, аз гуфтор.