Шеърҳо бо теги: ғазал
Шеърҳои марбут ба теги «ғазал» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Ба ман дорад дилат ҷанге, ки дорад,
Ба ман дорад дилат ҷанге, ки дорад, Бизан гӯ дар бағал санге, ки дорад. Нанӯшад май ҷуз аз хуни дили ман, Зи ман дорад лабат ранге, ки дорад.
Каям пайкони ту аз дил барояд,
Каям пайкони ту аз дил барояд, Магар чун ғунчаам аз гил барояд. Марез, эй дида, сели хун ба Ҷайҳун, Мабодо, мавҷ бар соҳил барояд.
Дилам бе ҷамоли ту нуре надорад,
Дилам бе ҷамоли ту нуре надорад, Ҷудо аз висолат суруре надорад. Бубин лоларо, бо ҳама бод дар сар, Ки пеши ту чандон ғуруре надорад.
З-оташи таб маҳи рухсори ту дар тоб мабод,
З-оташи таб маҳи рухсори ту дар тоб мабод, В-аз арақ лолаи гулгуни ту бе об мабод. Субҳгоҳон зи садое, ки таб орад ба сарат, Наргиси чашми ҷаҳонбини ту бе хоб,
Савори ман, ки ғубори раҳаш ба моҳ расид,
Савори ман, ки ғубори раҳаш ба моҳ расид, Нишаста гард ба рух, чоштгаҳ зи роҳ расид. Чу маҳ ба мавкаби сайёра буд шабгираш, Вале ҷарида чу хуршед чоштгоҳ расид.
Сабо, ҳамдами бӯи ҷонон расид,
Сабо, ҳамдами бӯи ҷонон расид, Ба дилхастагон аз дамаш ҷон расид. Баширӣ, башорат деҳ аз моҳи Миср, Ба сарвақти маҳҷури Канъон расид.
Агар на соғари лаълат ба ком хоҳад шуд,
Агар на соғари лаълат ба ком хоҳад шуд, Зи дида хӯрдани хунам мудом хоҳад шуд. Чунин, ки лоғару зард аст з-абрӯят маҳи нав, Чу як-ду ҳафта барояд, тамом хоҳад ш
Парирухо! Чу хаёлат фусунгарӣ гирад,
Парирухо! Чу хаёлат фусунгарӣ гирад, Аз он фусун мани девонаро парӣ гирад. Зи доми ишқи ту мушкил касе тавонад ҷаст, Чу гарди ёсуманат сунбули таре гирад.
Соқиё, аҳди гул аз абри баҳорон тоза шуд,
Соқиё, аҳди гул аз абри баҳорон тоза шуд, Боғу роғ аз сабзаву сабза зи борон тоза шуд. Лола омад дар чаман чун соғару наргис – ба боғ, Сӯи соғар орзуи майгусоро
Гарчи аз дил дида рахти худ ба мавҷи хун барад,
Гарчи аз дил дида рахти худ ба мавҷи хун барад, Бо хаёли тоқи абрӯят ба пул берун барад. Ҳар ки чун Рӯҳулқудс дар вай дамад лаълат даме, Аз сабукрӯҳӣ чу Исо рах
Гаҳе ки бар сари зулфат шамол мегузарад,
Гаҳе ки бар сари зулфат шамол мегузарад, Аз ӯ бипурс, ки бар мо чӣ ҳол мегузарад? Зи рӯзи ҳаҷри ту розе ҷуз ин намегӯям, Ки рӯз ҳамчу маҳу моҳ сол мегузарад.
Гарчи андозад ба шохи сидра уммедам каманд,
Гарчи андозад ба шохи сидра уммедам каманд, Даст кӯтоҳам зи тори зулфи он сарви баланд. То чиро он лаб ба ҳалвои шакаролуда шуд, Сар ба санг аз каллахушкӣ мезан
Зи доғи ҳаҷри ту сӯзам, зи гашти боғ чӣ суд?
Зи доғи ҳаҷри ту сӯзам, зи гашти боғ чӣ суд? Зи туст шаб шуда рӯзам, зи гул чароғ чӣ суд? Ба боғ чун ту набошӣ, маро зи лолаву гул Ба ғайри хор чӣ ҳосил, бидуни
Чӣ ҷавр монд, ки бар мо маҳи сиём накард,
Чӣ ҷавр монд, ки бар мо маҳи сиём накард, Кадом айш, ки бар ошиқон ҳаром накард. Кадом сабзаи умедро, ки хушк насохт, Кадом меваи мақсудро, ки хом накард.
Шаҳиди ишқи ту фардо зи гил чу лола барояд,
Шаҳиди ишқи ту фардо зи гил чу лола барояд, Зи шавқи бодаи лаълат ба каф пиёла барояд. Чу зикри лаззати теғат расад ба хоки шаҳидон, Фиғон зи ҷони шаҳиди ҳазорс
Вақти гул хуш он ки ҷо бар тарфи гулшан мекунад,
Вақти гул хуш он ки ҷо бар тарфи гулшан мекунад, Дидаро з-оби равону сабза равшан мекунад. Хонаи дилро, ки аз дуди зимистон тира буд, Дар ҳарими бӯстон аз дида
Ту тангчашмии он шӯх бин, чу ноз кунад,
Ту тангчашмии он шӯх бин, чу ноз кунад, Ки чашм сӯйи муҳиббон ба сарфа боз кунад. Чу илтимос нигоҳе кунам, бипӯшад чашм, Чу он бахил, ки дар бар гадо фароз куна
Мерасад аз давлати ишқам мадад,
Мерасад аз давлати ишқам мадад, Бандаи ишқам зи азал то абад. Буд аҳади ишқ зи оғози кор, Лек баромад ба либоси адад.
Маро дил аз ҳама олам гирифтаст,
Маро дил аз ҳама олам гирифтаст, Чи ҷои олам, аз худ ҳам гирифтаст. Зи дилгирӣ ками ҳар кас гирифтам, Касеро дил бад-ин сон кам гирифтаст.
Пеш аз он дам, ки қалам нақш кунад ҳарфи нахуст,
Пеш аз он дам, ки қалам нақш кунад ҳарфи нахуст, Дошт тифли дили ман лавҳи вафои ту дуруст. Кор бар хастадилон ҳамчу қабо танг магир, Гарчи бар қомати ту хилъат
Ганҷи ҷамоливу коинот харобат,
Ганҷи ҷамоливу коинот харобат, Шоҳиди ғайбиву обу хок – ниқобат. Масти ту будам, ҳанӯз мабдаи фитрат, Дасти фароғат нишаста аз гилу обат.
Мо ринду ошиқему назарбозу майпараст,
Мо ринду ошиқему назарбозу майпараст, Бар мо ҳаром ҷуз маю маъшуқ ҳарчи ҳаст. Зоҳид кашид бар сафи хумҳои бода санг, Ё раб, мабод бар сафи ин пурдилон шикаст.
«Ё аниса-л қулуби фи-л-халавот,
«Ё аниса-л қулуби фи-л-халавот, Бика нода-л-вуҳуш фи-л-фалавот». То нагардад рухи ту қуррати айн, Ло туқирра-л-уюна фи-с-салавот.
Соқиё, чанд зикри мавту ҳаёт,
Соқиё, чанд зикри мавту ҳаёт, Бода дардеҳ, ки гил оти от. Саъйиоти ман аст ҳастии ман, Ҳасанотам аз он халосу наҷот.
Эй, ду гесӯт шаби қадру барот
Эй, ду гесӯт шаби қадру барот Ҷон фидо карда баро-т аҳли наҷот. Ёфт бар хоки дарат ҷо сари ман, «Нилта мин бобикаалодараҷот...»
