Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Вақти гул хуш он ки ҷо бар тарфи гулшан мекунад,

Вақти гул хуш он ки ҷо бар тарфи гулшан мекунад, Дидаро з-оби равону сабза равшан мекунад. Хонаи дилро, ки аз дуди зимистон тира буд, Дар ҳарими бӯстон аз дида равзан мекунад. Ҳамчу наргис мениҳад бар каф ба ишрат ҷоми май, Пои сарву сояи гулбун нишеман мекунад. Менишонад гулрухе бо лоларӯе пеши хеш, Гардиш аз гул тӯдаву аз лола хирман мекунад. Бо сипоҳи меҳнату ғам бар сари ҷанг аст боғ, З-он рада аз сабзаву ханҷар зи савсан мекунад. Мениҳад аз анбари тар лола бар оташ бухор, В-аз бухораш гул абири ҷайбу доман мекунад. Гар суроҳӣ рехт хуни тавбаи Ҷомӣ, чӣ бок? Ҳар замон хуни дигар инсон ба гардан мекунад.