Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Шаҳиди ишқи ту фардо зи гил чу лола барояд,

Шаҳиди ишқи ту фардо зи гил чу лола барояд, Зи шавқи бодаи лаълат ба каф пиёла барояд. Чу зикри лаззати теғат расад ба хоки шаҳидон, Фиғон зи ҷони шаҳиди ҳазорсола барояд. Қалам ба васфи бутон гар дусад рисола нависад, Нахуст номи ту аз садри ҳар рисола барояд. Расонд номаи ту пайк, лек, кори гадоён Куҷо зи хони наволат ба як навола барояд? Чу коми дил зи ту хоҳам, ҳавола бо лаби худ кун, Ки коми ошиқи бедил аз ин ҳавола барояд. Чу бед бар сари ту ларзам, эй ниҳоли ҷавонӣ, Чу оҳи сарди сиришкам ба шакли жола барояд. Зи доғи ҳаҷри ту нолон, чу Ҷомӣ ашк фишонад, Зи хок лола бирӯяд, зи лола нола барояд.