Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Парирухо! Чу хаёлат фусунгарӣ гирад,

Парирухо! Чу хаёлат фусунгарӣ гирад, Аз он фусун мани девонаро парӣ гирад. Зи доми ишқи ту мушкил касе тавонад ҷаст, Чу гарди ёсуманат сунбули таре гирад. Зи шаҳри сабр дилам хайма зад бурун, ин аст Сазои он, ки чу ман ёри лашкарӣ гирад Қадам зи дида кунам дар раҳат на фарқ, чаро? На марди роҳи сулуки ту сарсарӣ гирад. Ба лутф кӯш, ки монад зи мансаби шоҳӣ, Чу шаҳ на қоидаи бандапарварӣ гирад. Амомаву фашу риш аст мояи ташвиш, Хуш он ҳариф, ки дини қаландарӣ гирад. Ҳумои табъи ту, Ҷомӣ, баландпарвоз аст, Сазад, ки кунгури кохи суханварӣ гирад.