Гарчи андозад ба шохи сидра уммедам каманд,
Гарчи андозад ба шохи сидра уммедам каманд,
Даст кӯтоҳам зи тори зулфи он сарви баланд.
То чиро он лаб ба ҳалвои шакаролуда шуд,
Сар ба санг аз каллахушкӣ мезанад ҳар лаҳза қанд.
Гавҳар омад лаъли он лаб, кони он ҷонҳои мо,
Бар чунон гавҳар нашуд фирӯз, ҳар кас кон наканд.
То фитодам дур аз он маҳ бар бисоти шавқи ӯ,
Пой мекӯбам хурӯшон ҳамчу бар оташ сипанд.
Носеҳо, пандам мадеҳ, к-аз бода боз о, з-он ки кард
Панд бар гӯшам садои савти мутриб роҳбанд.
То сагони кӯи ӯ рӯзе ба ман паҳлу ниҳанд,
Зери девораш чу соя хешро хоҳам фиканд.
Ошиқи он гулрухӣ, Ҷомӣ, чӣ гирӣ гул ба даст,
Хирқаи хунин бар ангушти дурусти худ мабанд.