Зи доғи ҳаҷри ту сӯзам, зи гашти боғ чӣ суд?
Зи доғи ҳаҷри ту сӯзам, зи гашти боғ чӣ суд?
Зи туст шаб шуда рӯзам, зи гул чароғ чӣ суд?
Ба боғ чун ту набошӣ, маро зи лолаву гул
Ба ғайри хор чӣ ҳосил, бидуни доғ чӣ суд?
Ҷамоли оразу хатти хушат ба пеши назар,
Назораи гулу сабза ба боғу роғ чӣ суд?
Сабо зи ҳалқаи зулфат нагашта нофакушой,
Зи нофи оҳуи Чин бӯй дар димоғ чӣ суд?
Зи дил, ки бурд даҳонат нишон, намепурсам,
Ниҳод гумшуда рӯ дар адам, суроғ чӣ суд?
Чу ҳаст хилвати сӯфӣ тиҳӣ зи шоҳиду май,
Зи шуғли аҳли ҷаҳон гӯшаи фароғ чӣ суд?
Навои ишқ зи Ҷомӣ, на аз ҳасуд шунав,
Чу нест нағмаи булбул нафири зоғ, чӣ суд?