Каям пайкони ту аз дил барояд,
Каям пайкони ту аз дил барояд,
Магар чун ғунчаам аз гил барояд.
Марез, эй дида, сели хун ба Ҷайҳун,
Мабодо, мавҷ бар соҳил барояд.
Диҳад ёди ман аз маҳмилнишинат,
Чу маҳ з-ин нилгун маҳмил барояд.
Сиршикам бар дарат афтода з-онаст,
К-аз он ҷо ҳоҷати соил барояд.
Шабе бигзар хиромон дар харобот,
Ки сад ғавғо зи ҳар маҳфил барояд.
Гар афтад акси рӯят бар маҳи нав,
Чу моҳи чордаҳ комил барояд.
Магӯ, Ҷомӣ, бидор аз доманам даст,
Кай аз дасти ман ин мушкил барояд?