Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Сабо, ҳамдами бӯи ҷонон расид,

Сабо, ҳамдами бӯи ҷонон расид, Ба дилхастагон аз дамаш ҷон расид. Баширӣ, башорат деҳ аз моҳи Миср, Ба сарвақти маҳҷури Канъон расид. Ба мӯре шуда поймоли ҷафо, Вафономае аз Сулаймон расид. Зи булбулнавоёни гулзори унс, Сафире ба мурғи хушилҳон расид. Зи хуршеди тобон, зи ақсои шарқ, Фурӯғе ба хоки Хуросон расид. Ба номи гадое, мисоли карам, Мувашшаҳ ба тавқеъи султон расид. Умар, шайхи шоҳе, ки бо баҳру кон, Зи дасту дилаш файзи эҳсон расид. Дуогӯй Ҷомӣ, ба ҷойи мадеҳ, Ба ғаври мадеҳаш чу натвон расид. Расонаш, Худоё, ба ҳар давлате, Ки хоҳад ба шоҳони даврон расид.