Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Маро дил аз ҳама олам гирифтаст,

Маро дил аз ҳама олам гирифтаст, Чи ҷои олам, аз худ ҳам гирифтаст. Зи дилгирӣ ками ҳар кас гирифтам, Касеро дил бад-ин сон кам гирифтаст. Чунон аз ҳастии худ зери борам, Ки пушти тоқати ман хам гирифтаст. Зи хуршеди тараб кай гарм гардам, Чу оламро ғамоми ғам гирифтаст. Аз он маҳрум дорам маҳрамонро, Ки маҳрам хӯйи номаҳрам гирифтаст. Чу ғам бо холу ам бошад аҷаб нест, Ки табъи ман зи холу ам гирифтаст. Чу Исоро дар ин пайғӯлаи танг, Зи гуфтугӯи ғӯлон рам гирифтаст. Пайи дамсозии олиниҳодон Раҳе ин баршуда торам гирифтаст. Сар омад муддати арбоби давлат, Фалак гар ҷомаи мотам гирифтаст. Бувад тобанда хур рахшанда, Ҷомӣ, Ки давронаш зи дасти Ҷам гирифтаст. Бувад қавси қузаҳ рангинкамоне, Ки чарх аз бозуи Рустам гирифтаст, Сурайё бошад он гарданда тасбеҳ. Ки гардун аз кафи Марям гирифтаст. Сулаймонро чӣ имкон даст бар дев, Чу дев аз дасти ӯ хотам гирифтаст. Ба сар каш ту, синон додаст айём, Инони мулк, агар Адҳам гирифтаст. Ҳарими нестиро Каъбае дон, Ки хокаш хӯрда бар Замзам гирифтаст. Бар оҳаш фоқа омад, ноқа з-он аст, Ки Ҷомӣ фоқаро маҳкам гирифтаст.