Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Аз юмни ишқ сураи Юсуф, ба ҳукми нас,

Аз юмни ишқ сураи Юсуф, ба ҳукми нас, Шуд дар миёни ҷумла сувар аҳсан-ал-қисас. Аз раҳ чунон ба ишқ, ки набвад хабар туро, Аз сахтии азоиму осонии рахас. Ту хотамиву ҳалқаи он сайри даврият, Дил фасси он маорифу асрори нафси фас. З-он нафс кай ба аъзами асмои ҳақ расад, Ҷуз орифе, ки аз ҳама хосон бувад ахас. Ин бас, ки ишқи ман ба ту ҳар дам фузун шавад, «Ло шуғли ли биҳуббука ли зода ав нақас». Бе завқи ишқ мард дар ин хокдон бувад, К-ал хафс фи барии аро ваттайр фи ал қафас?... Гуфтӣ, ки чанд Ҷомиву ин гиряҳои талх, Кум ашраб ас самум ва кум аҷраъ ал ғасас...