Агар парда бархезад аз рӯи кор,
Агар парда бархезад аз рӯи кор,
Набинӣ дар он парда ҷуз рӯи ёр.
Бидонӣ чу зоҳир шавад пардагӣ,
Ки ҳам парда ӯ буду ҳам пардадор.
Ба ҳар нақш бандӣ чу парда бар он,
Ба беруни дар мондаӣ пардавор.
Дарунро аз ин нақшҳо пок кун,
Ки шояд биёбӣ дар ин парда бор.
Ба парда дарун нест, ило яке,
Зи парда бурун аст чандин ҳазор.
Гар аз пардаи ваҳдат ояд бурун,
Ҳазорон ҷаҳон, бал ҳазорон ҳазор.
Мапиндор, Ҷомӣ, ки донад нишаст
Ба домони ваҳдат зи касрат ғубор.