Гар зи ҳиҷрон чашми ман ин гуна хунполо шавад,
Гар зи ҳиҷрон чашми ман ин гуна хунполо шавад,
Ҷойи он дорад, ки гирди ман зи хун дарё шавад.
Мавъиди васласт фардо, кош чархи тезгард,
Тай кунад имрӯзро, то зудтар фардо шавад.
Гарчи Тубо дар улув аз сидра сар боло кашид,
Нест ҳадди ӯ, ки бо қадди ту ҳамболо шавад.
Шамъи рух бинмо, ки то ин тоси зарринболи хур
Дар тамошои ту чун парвона нопарво шавад.
Хуш даро дар ҷилваи хубӣ, ки товон бар ту нест,
Гар ҷаҳон пурфитна ё офоқ пурғавғо шавад.
Барқро монӣ, ки чун пайдо шавад ногаҳ зи дур,
Чашми кас ногашта бар вай гарм нопайдо шавад.
Тӯтии қудс аст, Ҷомӣ, аз лаби гавҳарфишон,
Ҷой деҳ дар шакарситонаш, ки шакархо шавад.