Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
ГУЛИ СУРХ
Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам, Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам. Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон, Гар зи васли як парирӯ марҳа
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Ватан
Эй Ватан, эй хоки поки модарам, Аз ту рӯяд нури ҷон дар пайкарам. Бо ту ман маънои ҳастӣ ёфтам, Бо ту ман роҳи саодат кофтам.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Ба андак шӯхие бунёди тамкин канда мегардад,
Ба андак шӯхие бунёди тамкин канда мегардад, Ҳаё то лаб кушуд аз ҳам, табассум ханда мегардад. Таназзуҳ гар ҳавас бошад, маҷӯшед он қадар бо ҳам, Ки суҳбат аз с
Бо кӣ гӯям, чӣ қиёмат ба сарам мегузарад?
Бо кӣ гӯям, чӣ қиёмат ба сарам мегузарад? Ки нафас нозада ҳар шаб саҳарам мегузарад. Дарди андӯҳ хуш аст аз тараби бекорӣ, Ҳайфи дасте, ки зи дил бар камарам ме
Бодаи таҳқиқро зарфи ҳавас тангӣ кунад,
Бодаи таҳқиқро зарфи ҳавас тангӣ кунад, Дар бари оташ либоси хору хас тангӣ кунад. Дардро ҷавлонгаҳе чун синаи ушшоқ нест, Бар фиғон мушкил, ки оғӯши ҷарас танг
Бо хазони орзу ҳашри
Бо хазони орзу ҳашри баҳорам кардаанд, Аз шикасти ранг чун субҳ ошкорам кардаанд. То нигоҳе гул кунад, мебоядам аз ҳам гудохт,
Боз махмур аст дил, то бехудӣ иншо кунад,
Боз махмур аст дил, то бехудӣ иншо кунад, Ҷом дар ҳайрат занад, оинаро мино кунад. Зиндагонӣ, гӯ, мадеҳ аз нақши мавҳумам нишон, Аксро ғам нест, гар оина истиғн
Эҳтиёҷам хиҷлат аз аҳбоб бурд,
Эҳтиёҷам хиҷлат аз аҳбоб бурд, Сӯхт дил, то рахт дар маҳтоб бурд. Умр рафту оҳе аз дил гул накард, Сози ман оби рухи мизроб бурд.
Эҳтиёҷе, ки сари мард ба хам меорад,
Эҳтиёҷе, ки сари мард ба хам меорад, Обрӯ мебараду ҷабҳаи нам меорад. Ҳама кас гурсунаи ҳирс ба завқи серист, Ранҷи боре ки кашад пушт, шикам меорад.
Ин ҳирсҳо, ки домани сад фан шикастаанд,
Ин ҳирсҳо, ки домани сад фан шикастаанд, Арзи кулоҳ додаву гардан шикастаанд. Дорад шароби ғафлати абнои рӯзгор Бадмастие, ки соғари мурдан шикастаанд.
Ин ки дар дайри ғамат дамсард пайдо кардаанд,
Ин ки дар дайри ғамат дамсард пайдо кардаанд, Дил надорӣ, варна, дил аз дард пайдо кардаанд. Ҳеҷ кас аз ихтирои ин бисот огоҳ нест, Ранг мебозему ёрон нард пайд
Ин ки тоқатҳо ҷавонӣ мекунад,
Ин ки тоқатҳо ҷавонӣ мекунад, Нотавонӣ нотавонӣ мекунад. Гар ҳама хок аз замин гардад баланд, Бар сари ман осмонӣ мекунад.
Ин қадар риш чӣ маънӣ дорад?
Ин қадар риш чӣ маънӣ дорад? Ғайри ташвиш чӣ маънӣ дорад? Одамӣ – хирс, чӣ зулм аст охир? Марди ҳақ-меш, чӣ маънӣ дорад?
Ин ситамкешон, ки ваҳми зиндагиро ҳолаанд
Ин ситамкешон, ки ваҳми зиндагиро ҳолаанд Дар талоши худкушиҳо шуълаи ҷавволаанд. Умрҳо шуд ҳарфи дарде ошнои гӯш нест, Кӯҳкан то бенафас шуд, кӯҳҳо бенолаанд.
Ин давр даври ҳез аст, вазъи матин кӣ дорад?
Ин давр даври ҳез аст, вазъи матин кӣ дорад? Боди бурути мардӣ ғайр аз сурин кӣ дорад? Осори ҳақпарастӣ хатм аст бар муханнас,
Имрӯз ноқисон ба камоле расидаанд,
Имрӯз ноқисон ба камоле расидаанд, К-аз худсарӣ ба ҳарфи салаф хат кашидаанд. Инкори комилон ҳамаро нуқли маҷлис аст,
Имрӯз, баъди умре дилдор ёди мо кард,
Имрӯз, баъди умре дилдор ёди мо кард, Шарми тағофул охир ҳаққи вафо адо кард. Хоки раҳем, моро осон наметавон дид, Мижгон хамид, то чашм оҳанги пеши по кард.
Имрӯз навбаҳор аст, соғаркашон биёед,
Имрӯз навбаҳор аст, соғаркашон биёед, Гул ҷӯши бода дорад, то гулситон биёед. Дар боғ бебаҳорем, сайре ки дар чӣ корем, Гулбози интизорем, бозикунон биёед.
Агар маъшуқ бемеҳр асту гар ошиқ вафо дорад,
Агар маъшуқ бемеҳр асту гар ошиқ вафо дорад, Тамошо муфти диданҳо, муҳаббат рангҳо дорад. Шарори коғази мо хандаи дандоннамо дорад, Тарабҳо вақфи бетобӣ, ки оҳа
Агар таайюни анқо ҳаваспаём набошад,
Агар таайюни анқо ҳаваспаём набошад, Нишони худ ба ҷаҳоне барам, ки ном набошад. Чӣ лозим аст ба дӯшам ғами адо фиканад кас, Ҳақи бақо ду нафас хиҷлат аст, вом
Агар аз гудозам наме гул кунад,
Агар аз гудозам наме гул кунад, Ду олам зи ман шиша пурмул кунад. Муҳит аст, чун маҳв гардад ҳубоб, Зи худ гум шудан ҷузвро кул кунад.
Иттифоқ аст, он ки ҳар душворро осон намуд,
Иттифоқ аст, он ки ҳар душворро осон намуд, Варна, аз тадбири як нохун гиреҳ натвон кушуд. Гар ба шуҳрат моилӣ, бо бенишонӣ соз кун, Даҳр натвонад намудан, ончи
Аз дилам бигзашту хун дар чашми ҳайратсоз монд,
Аз дилам бигзашту хун дар чашми ҳайратсоз монд, Гарди ранге ёдгорам з-он баҳори ноз монд. Пеш аз эҷоди таваҳҳум ҷавҳари ҷон дошт ҷисм, То парӣ дар шӯхӣ омад, ши
Аз чарх на ҳар аблаҳу нодон гила дорад,
Аз чарх на ҳар аблаҳу нодон гила дорад, Ҷои гила ин аст, ки инсон гила дорад. Асбоб бар озодадилон сахт ҳиҷобест, Наззора зи ҷамъияти мижгон гила дорад.
Ашк зи бедоди ишқ пардакушо мешавад,
Ашк зи бедоди ишқ пардакушо мешавад, Фаҳми муаммо кунед, обила во мешавад. Завқи талаб оламест вақфи ҳузури давом, Пур ба иҷобат макӯш, хатми дуо мешавад.
Азбаски ба таҳсили ғано ҳирси ту ҷон канд,
Азбаски ба таҳсили ғано ҳирси ту ҷон канд, Қабр аст, нигине ки ба номи ту тавон канд. Ҷуз тухми надомат чӣ кунад хирман аз ин дашт? Беҳосили ҷаҳде, ки замини ди
Аз ҳуҷуми кулфати дил нола беоҳанг монд,
Аз ҳуҷуми кулфати дил нола беоҳанг монд, Бӯи ин гул аз заифӣ дар тилисми ранг монд. Сӯхтему мушти хошоке зи мо равшан нашуд, Шуълаи мо чун нафас дар доми ин най

