Агар аз гудозам наме гул кунад,
Агар аз гудозам наме гул кунад,
Ду олам зи ман шиша пурмул кунад.
Муҳит аст, чун маҳв гардад ҳубоб,
Зи худ гум шудан ҷузвро кул кунад.
Ғуборе ки дил авҷи парвози ӯст,
Ба гардун расад, гар таназзул
кунад.
Ба ҳар шаш ҷиҳат ҷилва печидааст,
Касе то кай аз худ тағофул кунад?
Зи кайфияти ин баҳорам мапурс,
Мижа гар кушоӣ, қадаҳ гул кунад.
Ба савдои зулфи ту дуди димоғ
Ба сар печаду нози кокул кунад.
Зи фикри хатат ҷавҳари оина
Хасак
вақфи ҷайби тааммул кунад.
Тараддуд хиҷолаткаши дасту пост,
Касе то куҷоҳо таваккул кунад?
Хазони тараб бедимоғӣ мабод,
Баҳор аст, агар шиша қулқул кунад.
Ба тадбир аз ин баҳр натвон гузашт,
Шикастест, гар мавҷи мо пул кунад.
Сари мо бигардад зи даври ҳавас,
Агар чарх тарки тасалсул
кунад.
Шавад сифла аз суфу атлас бузург,
Харонро агар одамӣ ҷул кунад.
Хунуктар зи зоғ асту тақлиди кабк,
Ки ҳиндустонӣ тамағғул кунад
Ба рангест, Бедил, парафшониям,
Ки аз сояам тарҳи сунбул кунад.