Иттифоқ аст, он ки ҳар душворро осон намуд,
Иттифоқ аст, он ки ҳар душворро осон намуд,
Варна, аз тадбири як нохун гиреҳ натвон кушуд.
Гар ба шуҳрат моилӣ, бо бенишонӣ соз кун,
Даҳр натвонад намудан, ончи анқо вонамуд.
Орзу аз нафйи мо исботи ёр эҷод кард,
Ҳар чӣ аз осори Маҷнун кост, бар Лайлӣ фузуд.
Софии дил туҳматолуди калаф
шуд аз ҳасад,
Ранги об аз силии
амвоҷ мегардад кабуд.
Ҳайфи табъе к-аз ваболи кибру кин огоҳ нест,
Хок резад аз мазоре чанд дар чашми ҳасуд.
Роҳати ин базм бар тарки тамаъ мавқуф буд,
Дастҳо бар ҳам ниҳодам, аз талаб мижгон ғунуд.
Ҳусни якто, Бедил, аз тимсол дорад инфиол,
Ҷои зангорат ҳамин оина мебояд зудуд.