Аз дилам бигзашту хун дар чашми ҳайратсоз монд,
Аз дилам бигзашту хун дар чашми ҳайратсоз монд,
Гарди ранге ёдгорам з-он баҳори ноз монд.
Пеш аз эҷоди таваҳҳум ҷавҳари ҷон дошт ҷисм,
То парӣ дар шӯхӣ омад, шиша аз парвоз монд.
Корвони мовуман яксар шарардунбола аст,
Имтиёзе домани ваҳшат гирифту боз монд.
Шамъи якрангӣ зи фонуси хамӯшӣ равшан аст,
Нест ҷуз тори нафас, чун нола аз овоз монд.
Имтиёзи гӯшагирӣ доми роҳи кас мабод,
Сайди мо аз ошён дар чангули шаҳбоз монд.
Ҳалқаи саргаштагӣ дорад ба гӯши гирдбод,
Нақши пое ҳам гар аз Маҷнун ба саҳро боз монд.
Кист, дар роҳат далели корвони шавқ нест?
Нола бол афшонд, ҳар ҷо тоқати парвоз монд.
Доғи найранги вафоро чора натвон ёфтан,
Ҷилва хилватпарвару наззора берунтоз монд.
То ба берангист сайри парфишониҳои ранг,
Ёфт анҷом, он ки сар дар домани оғоз монд.
Сайқали тадбир бар оинаи мо занг рехт,
Шуълаи ин шамъ охир дар даҳони гоз монд.
Ёди умри рафта, Бедил, хиҷлати беҳосилист,
Боз пайвастан надорад, ончи аз мо боз монд.