Аз чарх на ҳар аблаҳу нодон гила дорад,
Аз чарх на ҳар аблаҳу нодон гила дорад,
Ҷои гила ин аст, ки инсон гила дорад.
Асбоб бар озодадилон сахт ҳиҷобест,
Наззора зи ҷамъияти мижгон гила дорад.
Занҷир зи девона надид улфати ором,
Аз ваҳшати дил турраи ҷонон гила дорад.
Бар ваҳшати ашкам табутоби мижа бор аст,
Ин мавҷ зи печухами домон гила дорад.
Изҳори арақ ҳиҷлати дебочаи шарм аст,
Мактуби ман аз шӯхии унвон гила дорад.
Тарсам, шавад озурда зи тоби нигаҳи гарм,
Рухсори ту к-аз сояи мижгон гила дорад.
Аз тоқати доғам ҷигари шуъла кабоб аст,
Аз обилаам саъйи муғелон
гила дорад.
Ашки тапишоҳанги ҷунунам, чӣ тавон кард?
Осудагӣ аз хонабадӯшон гила дорад.
Зинҳор, ба худ низ тараҳҳум нанамоӣ,
Имрӯз дар ин анҷуман эҳсон гила дорад.
Бедил, манам он гавҳари дарёи таҳаммул,
К-аз лангари
ман шӯриши тӯфон гила дорад.