Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Ашк зи бедоди ишқ пардакушо мешавад,

Ашк зи бедоди ишқ пардакушо мешавад, Фаҳми муаммо кунед, обила во мешавад. Завқи талаб оламест вақфи ҳузури давом, Пур ба иҷобат макӯш, хатми дуо мешавад. Гоҳи видоъи бақост зӯри нафас бар амал, Чун ба гусастан расид, ришта расо мешавад. Ҷавҳари аҳли сафо саҳл набояд шумурд, Оина гар қатраест, баҳрнамо мешавад. Ҳирс ба сад иззу ҷоҳ дар ҳама сурат гадост, Гар ба қаноат расӣ, фақр ғано мешавад. Он тарафи эҳтиёҷ анҷумани кибриёст, Чун зи талаб даргузашт, банда Худо мешавад. Чанд хӯрад орзу ишваи бархостан? Ғайрати имдоди ғайр низ асо мешавад. Узри заифӣ даме, к-оина гирад ба даст, Обила дар пойи саъй нози ҳино мешавад. Аз кафи бемоягон коркушоӣ махоҳ, Даст чу кӯтоҳ шуд, нохуни по мешавад. Ғайри видоъи тараб гармии ин базм чист? То саҳар аз рӯи шамъ ранг ҷудо мешавд. Хок ба сар мекунад зиндагӣ аз табъи дун, Пастии ин хонаҳо нанги ҳаво мешавад. Бигзар аз иброми табъ, к-аз ҳаваси ҳарзадав Ҳирс хиҷил нест, лек кори ҳаё мешавад. Бедил, аз ин дашту дар гарди ҳавас руфта гир, Қофила ҳар сӯ равад, бонги даро мешавад.