Ин ситамкешон, ки ваҳми зиндагиро ҳолаанд
Ин ситамкешон, ки ваҳми зиндагиро ҳолаанд
Дар талоши худкушиҳо шуълаи ҷавволаанд.
Умрҳо шуд ҳарфи дарде ошнои гӯш нест,
Кӯҳкан то бенафас шуд, кӯҳҳо бенолаанд.
Халқе аз худ рафту акнун зикри эшон меравад,
Корвони хобро афсонаҳо дунболаанд.
Даъвии мардони ин аср инфиоле беш нест,
Шер меғурранду чун вомерасӣ, бузғолаанд.
Сард шуд дил аз дами ин паҳлавонони ғурур,
Рустаманд, аммо бағалпарвардаҳои холаанд.
Дилсиёҳӣ якқалам оинадори суҳбат аст,
Гар ҳама аҳли Хуросонанд, аз Банголаанд.
Ҷумла бо рӯи мулоим қатраанд, аммо чӣ суд
Чун ба минои дил афтоданд, яксар жолаанд.
Ҳамчу дандон баҳри изо васлу ҳаҷри шон якест,
Гар ҳама яксола меоянду гар садсолаанд.
Бо уруҷи ҷоҳ ин афсурдагони бемадор
Бар лаби ҳар бом чун хишти куҳан табхолаанд.
Чашм агар дорад тамизи ҳусну қубҳи эътибор,
Зангиёни ҷомагулгун навбаҳори лолаанд.
Бедил, аз хурду бузург он беҳ, ки бардорӣ назар,
Даври говон рафту акнун ҳозирон гӯсолаанд.