Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Ин давр даври ҳез аст, вазъи матин кӣ дорад?

Ин давр даври ҳез аст, вазъи матин кӣ дорад? Боди бурути мардӣ ғайр аз сурин кӣ дорад? Осори ҳақпарастӣ хатм аст бар муханнас, Ғайр аз дубурсириштон сар бар замин кӣ дорад? Ҳар сӯ ба ҳаркати нафс мутлақъинон битозед, Эй зерихарсаворон, полону зин кӣ дорад? Зоҳид, зи паҳлуи риш пашмина мефурӯшӣ, Бозори нура гарм аст, ин пӯстин кӣ дорад? Ранги бинои тоат бар хидмати сурин неҳ, Имрӯз тарҳи меҳроб ҷуз гунбадин кӣ дорад? Бар кисаи каримон чашми тамаъ надӯзӣ, Ҷуз дасти хар дар ин аср дар остин кӣ дорад? Аз мунъимон гадоро дигар чӣ метавон хост? Тан додаанд бар фаҳш, дод инчунин кӣ дорад? Халқе васеъ хуфтаст дар тангии суринҳо, Ҷуз коми ин ҳавосил доман ба чин кӣ дорад? Як ғунча сад гулистон оғӯш мекушояд, Мақъад ба ханда боз аст, табъи ҳазин кӣ дорад? Азбаски даври гардун гардонд таври мардум, То пушт барнатобад, бар зан яқин кӣ дорад? Идбор марду занро нагзошт номи иқбол, Як кофу вов(у) нун аст, то кофу син кӣ дорад? Он хирқае ки ҷайбаш боби руфӯ набошад, Бардор домане чанд, он гаҳ бибин, кӣ дорад? Дар чорсӯи офоқ билфеъл ин мунодист, Лаъли хушоб бо кист? Дурри самин кӣ дорад? Ҷуз гавҳари гаронсанг матлуби муштарӣ нест, Соқи булӯр бинмо, ҷинси гузин кӣ дорад? Сард аст, бетакаллуф, ҳангомаи таҳаввур,206 Кар кун туфангу хуш бош, ҷуз меҳр кин кӣ дорад? Бедил, ба теғу ханҷар натвон шудан баҳодур, Лашкар амуд хоҳад, то оҳанин кӣ дорад?