Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Имрӯз ноқисон ба камоле расидаанд,

Имрӯз ноқисон ба камоле расидаанд, К-аз худсарӣ ба ҳарфи салаф хат кашидаанд. Инкори комилон ҳамаро нуқли маҷлис аст, То кас гумон барад, ки ба маънӣ расидаанд. Ин уммати мусайлим аз афсуни як-ду лафз Дар арсаи шикасти нубувват давидаанд. Аз санъати муҳовараи лӯлиёни форс Ҳиндустониён ба тамағғул хазидаанд. Сеҳр аст рустоию инкори шаҳриён, Ҷулоҳи чанд ришта ба гардун танидаанд. Аз ҳарфашон тарӣ натаровад, чӣ мумкин аст? Дунфитратон сафоли наве обдидаанд. Беҳосилӣ зи суҳбаташон хок мехӯрад, Чун бед агар ба ҳам зи тавозуъ хамидаанд, Ҳар ҷо расидаанд ба таркиби иттифоқ, Чун захмҳои куҳна надомат чакидаанд. Ҳар гоҳ ворасӣ ба уруҷи димоғашон, Дар зери по чу обила бар хеш чидаанд. Пирони ин гурӯҳ ба ҳукми видоъи шарм Бе шабнами арақ ҳама субҳи дамидаанд. Поси адаб маҷӯ зи ҷавонон, ки якқалам Аз таҳту фавқ чашму дубурҳо даридаанд. Гӯё афафтарошу хамӯшон тапишталош, Хурду бузург як саги ақрабгазидаанд. Инсоф об мехӯрад аз чашмасори фаҳм, Харкурраҳо каранд, сухан кам шунидаанд. Дар хубси маъние, ки таназзуҳ далели ӯст, Лаб боз кардаанд ба ҳадде, ки ридаанд. Бедил, дар ин макон зи адаб дам задан хатост, Шарме, ки лӯлиён ҳама тунбак харидаанд.