Имрӯз, баъди умре дилдор ёди мо кард,
Имрӯз, баъди умре дилдор ёди мо кард,
Шарми тағофул охир ҳаққи вафо адо кард.
Хоки раҳем, моро осон наметавон дид,
Мижгон хамид, то чашм оҳанги пеши по кард.
Гарди бисоти таслим дар аҷз нозҳо дошт,
Парвози худсариҳо з-он доманам ҷудо кард.
Ё Раб, ки хушк гардад монанди шона дасташ,
Машшотае ки дилро аз турраи ту во кард.
Фитрат зи халқ мехост осори қобилият,
Ҷуз дарди сар набудем, моро ба мо раҳо кард.
Ғарқи нами ҷабинам аз хиҷлати таайюн
Кори ҳазор тӯфон ин як арақ ҳаё кард.
Гуфтем шахси ҳастӣ, нозе ба шӯхӣ орад,
Тимсол ҷилвагар шуд, оина хандаҳо кард.
Дониш ҷунун шуд, аммо накшуд рамзи таҳқиқ,
Банди қабои нозе пироҳанам қабо кард
Дар уқдаи тааллуқ фарсуда буд фитрат,
Аз худ гусастан охир ин риштаро расо кард.
Эй ваҳми ғайр, моро маъзур дору бигзар,
Дил хонаест, к-он ҷо натвон ба зӯр ҷо кард.
Растан зи қулзуми ваҳм аз сар гузаштане дошт,
Яъс ин каду ба худ баст, то зиндагӣ шино кард.
Дасти тараҳҳуми кист мижгони Бедили мо?
Бар ҳар кӣ чашм во шуд, пеш аз нигаҳ дуо кард.