Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Ба андак шӯхие бунёди тамкин канда мегардад,

Ба андак шӯхие бунёди тамкин канда мегардад, Ҳаё то лаб кушуд аз ҳам, табассум ханда мегардад. Таназзуҳ гар ҳавас бошад, маҷӯшед он қадар бо ҳам, Ки суҳбат аз сирешумихтилотӣ 218 ганда мегардад. Тағофул ҳукми ҳамворист кӯҳу дашти имконро, Ба чандин тахта як таҳрики мижгон ранда мегардад. Ба узлат созу эмин зӣ, ки дар халқи вафодушман Саги девонаи матлабмарасҳо канда мегардад. Ба барқи теғи истиғно ҳазар аз гарданафрозӣ, Дар ин майдон фалак ҳам сар ба пеш афканда мегардад. Хаёли рафтагон рафтан надорад ҳамчу доғ аз дил, Ба ибрат чун расад нақши қадам, поянда мегардад. Гаронӣ бар табоеъ аз ғурури қадр напсандӣ, Дар ин бозор ҷинси камбаҳо арзанда мегардад. Қаноат мекунад дар хӯшачинӣ хирманороӣ, Қабо чун пинаҳо бар хеш дӯзад, жанда мегардад. На анҷум донаму не даври гардун, лек медонам, Ҷаҳон ранг асту яксар гирди гардонанда мегардад. Арақҳо мекунам чун шамъу сар дар ҷайб медуздам, Илоҷе нест, ҳастӣ аз адам шарманда мегардад. Агар тасхири дилҳо дар хаёлат бигзарад, Бедил, Ба эҳсон ҷаҳд кун, к-ин ҷо худоӣ банда мегардад.