Ба пастӣ вонамонад, ҳар кӣ аз дарде нишон дорад,
Ба пастӣ вонамонад, ҳар кӣ аз дарде нишон дорад,
Саҳар аз чокҳои дил ба гардун нардбон дорад.
Ба дӯши арраҳиле бори ҳасрат мекашад олам,
Ҷарас умрест, чун гул маҳмили ин корвон дорад.
Ба ҷуз ваҳшат намеболад зи аҷзои ҷаҳон гарде,
Чаман аз барг-барги хеш доман бар миён дорад.
Ба завқи офият хун хӯрданат кор аст, маъзурӣ,
Дар ин ҷо гар ҳама мағз аст, дарди устухон дорад.
Макун бо чашми тар савдо, агар маҳви тамошоӣ,
Баҳори ҳайрати оина дар шабнам хазон дорад.
Сухан бошад далели зиндагӣ равшанхаёлонро,
Ғами мурдан надорад шуълаи мо, то забон дорад.
Дар оғӯши нишоти даҳр хобидаст кулфатҳо,
Шикастан дар тилисми шӯхии ранг ошён дорад.
Ба сад гулзор раъноӣ, ба чандин ранг пайдоӣ
Ҳамон номуси яктоӣ маро аз ман ниҳон дорад.
Ғуборам пар намезад, гар наме сар мезад аз ашкам,
Инони ваҳшати ман аҷзи ин вомондагон дорад.
Нишоти ҳусн меболад зи дарди ошиқон, Бедил,
Гулистон хандадарбор аст, то булбул фиғон дорад.