Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Бути ҳиндӣ кай аз дарди сари туркон хабар дорад?

Бути ҳиндӣ кай аз дарди сари туркон хабар дорад? Дар ин кишвар миён ку, то димоғи баҳла бардорад? Дар ин дарё, ки ҳар як қатра сад доман гуҳар дорад, Ҳубоби мо бадилпечида оҳе беасар дорад. Набошад гар талоши офият, нақд аст оромат, Нафасро саъйи роҳат ин қадар зеру забар дорад. Ба як ранг аз баҳори муддаои дил машав қонеъ, Ки ин оина ғайр аз хун шудан чандин ҳунар дорад. Ҳубобам дар канори мавҷ дорад сайри ҷамъият, Бароҳат мепарад мурғе, ки зери бол сар дорад. Ба рӯи ишратам натвон дари чоки ҷигар бастан, Чу мижгон шоми ман ороиши субҳе дигар дорад. Ба зоҳир гар замингирам, зи мақсад нестам ғофил, Ки чашми нақши по аз ҷода бар манзил назар дорад. Ба қадри эътиборот аст забти хеш мардумро, Чу санге к-обдор афтад, фусурдан бештар дорад. Ба ин ҳастӣ гарат номе ба даст ояд, ғанимат дон, Ки бисёр аст, агар дӯши нафас овоз бардорад. Нахоҳад шуд сиёҳӣ аз ҷабини ахтарам зоил, Шаби ошиқ ба мӯи косаи чинӣ саҳар дорад. Сафо дар арзи сомони ҳунар гум кардаам, Бедил, Зи ҷавҳар ҳайрати оинаи ман болу пар дорад.