Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Барои хотирам ғам офариданд,

Барои хотирам ғам офариданд, Туфайли чашми ман нам офариданд. Чу субҳ он ҷо ки ман парвоз дорам, Қафас бо бол тавъам офариданд. Арақ гул кардаам аз шарми ҳастӣ, Маро аз чашми шабнам офариданд. Гуҳар мавҷ оварад, оина гавҳар, Диле беорзу кам офариданд. Ҷаҳон хунрезбунёд аст, ҳуш дор, Сари сол аз муҳаррам офариданд. Видоъи ғунчаро гул ном карданд, Тарабро мотами ғам ғам офариданд. Кафи хоке, ки бар бодаш тавон дод, Ба хун гил карда одам офариданд. Илоҷе нест доғи бандагиро, Агар бешам вагар кам офариданд. Тилисми зиндагӣ улфатбино нест, Нафасро якқалам рам офариданд. Агар олам барои хеш пайдост, Барои ман маро ҳам офариданд. Чӣ сон тобам сар аз фармони таслим? Ки чун абрӯям аз хам офариданд. Дилам, Бедил, надорам чора аз доғ, Нигинро баҳри хотам офариданд.