Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Ба шӯхӣ зад тараб, ғам офариданд,

Ба шӯхӣ зад тараб, ғам офариданд, Мукаррар шуд асал, сам офариданд. Нисори нозе аз андеша гул кард, Ду олам ҷон ба як дам офариданд. Ба захми изтироби бисмили мо Зи хуни рафта марҳам офариданд. Шикасти офият оҳанг гардид, Ба ҳар ҷо сози одам офариданд. Ҳамон ҷӯши баҳори бедимоғист, Ба як сурат ду гул кам офариданд. Ба ҳар ҷо ваҳшати мо арза доданд, Шарору барқ берам офариданд. Гули ин бӯстон офатбаҳор аст, Шикасту ранг тавъам офариданд. Ба таскини дили маҷрӯҳи бисмил Пари афшонда марҳам офариданд. Ба пирӣ гиря кун, к-оинаи субҳ Барои арзи шабнам офариданд. Каримон, хун шавед аз хиҷлати ҷуд, Ки шуҳрат хоси Ҳотам офариданд. Чу моҳи нав хами вазъи суҷудам Зи пешонӣ муқаддам офариданд. На махмурӣ, на мастӣ, чист, Бедил? Димоғат аз чӣ олам офариданд?