Боз махмур аст дил, то бехудӣ иншо кунад,
Боз махмур аст дил, то бехудӣ иншо кунад,
Ҷом дар ҳайрат занад, оинаро мино кунад.
Зиндагонӣ, гӯ, мадеҳ аз нақши мавҳумам нишон,
Аксро ғам нест, гар оина истиғно кунад.
Рафтаем аз худ ба дӯши орамидан, чун ғубор,
Оҳ аз он рӯзе, ки бетобӣ тавофи
мо кунад!
Нола шав, то аз ҳавои қомати ӯ нагзарӣ,
Ҳар кӣ аз худ рафт, сайри олами боло кунад.
Аҷуманпардози ваҳмам чун ҳубоб аз хомушӣ,
Беҳ, ки бикшоям лабе, то аз худам танҳо кунад.
Магзар аз кӯшиш, мабодо, рӯзгори ҳилаҷӯ
Поймоли роҳатат чун сурати дебо кунад.
Дар адам мо низ ёди зиндагӣ хоҳем кард,
Шуълаи хомӯш агар ёди тапиданҳо кунад.
Бори таслиме агар чун соя ёбад пайкарам,
То дари ӯ хоки оламро ҷабинфарсо кунад.
Нолаи дарде ба сози хомушӣ гум гаштаам,
Шавқ ғаммоз аст, метарсам, маро пайдо кунад.
Бе тавофи хеш дар базми висолаш бор нест,
Дар дили дарё магар гирдоб роҳе во кунад.
Эй хуш он шӯри тарабҷӯши хумистони фано,
К-аз гудози мо дили ҳар зарраро мино кунад.
Санги роҳи худ шуморад Каъбаву бутхонаро,
Ҳар кӣ чун Бедил тавофи гӯшаи дилҳо кунад.