Бо хазони орзу ҳашри
Бо хазони орзу ҳашри
баҳорам кардаанд,
Аз шикасти ранг чун субҳ ошкорам кардаанд.
То нигоҳе гул кунад, мебоядам аз ҳам гудохт,
Чун ҳаё дар мазраи ҳусн обёрам кардаанд.
Баҳри имкон хун шуд аз андешаи ҷавлони ман,
Мавҷи ашкам, бар шикасти дил саворам кардаанд.
Ман намедонам, хаёлам ё ғубори ҳайратам?
Чун сароб аз дур чизе эътиборам кардаанд.
Ҷилваҳо берангию оинаҳо беимтиёз,
Ҳайрате дорам, чаро оинадорам кардаанд?
Дастгоҳи захми маҳрумист сар то пойи ман,
Баски чун мижгон ба чашми хеш хорам кардаанд.
Буд мавқуфи фано аз асли кор огоҳиям,
Сурмаҳо дар чашм дорам, то ғуборам кардаанд.
Меравам аз худ, намедонам, куҷо хоҳам расид?
Маҳмили дардам, ба дӯши нола борам кардаанд.
Беш аз ин натвон ба барқи миннати ҳастӣ гудохт,
Як нигоҳи вопасин назри шарорам кардаанд.
Ман шарарпарвозу олам домгоҳи нестӣ,
То диҳам арзи парафшонӣ, шикорам кардаанд.
Бо кадомин зарра санҷам обрӯи эътибор?
Он қадар ҳеҷам, ки аз худ шармсорам кардаанд.
Бӯи васли кист, Бедил, гулшанорои умед?
Пой то сар яъс будам, интизорам кардаанд.