Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Бодаи таҳқиқро зарфи ҳавас тангӣ кунад,

Бодаи таҳқиқро зарфи ҳавас тангӣ кунад, Дар бари оташ либоси хору хас тангӣ кунад. Дардро ҷавлонгаҳе чун синаи ушшоқ нест, Бар фиғон мушкил, ки оғӯши ҷарас тангӣ кунад. Бар ҷунун мепечаму аз хеш берун меравам, Гирдбоди шавқро то кай нафас тангӣ кунад? Айши расвоӣ ба коми кӯчагардони вафост, Эй хуш он вазъе, к-аз ӯ хулқи асас тангӣ кунад. Мо ду олам шиква дар забти нафас хун хӯрдаем, То мабодо, хотири фарёдрас тангӣ кунад. Дар хаёли роҳат аз файзи тапидан ғофилем, Ошён, эй кош, бар мо чун қафас тангӣ кунад. Ҳамчу он сӯзан, ки дармонад зи тори норасо, Умр ранги саъй бозад, чун нафас тангӣ кунад. Нуҳ фалак дар вусъатободи дили девонаам Ҳаст халхоле ки дар пойи магас тангӣ кунад. Ғунча бар як мушти зар сад ранг хиссат чидааст Ин қадар, ё Раб, мабодо, дасти кас тангӣ кунад! Шикваи мардум зи гардун, Бедил, аз камвусъатист, Нола дар парвоз ояд, чун қафас тангӣ кунад.