Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Шони муаллим
Баланд аст аз фалак шони муаллим, Бувад ҷонбахши мо ҷони муаллим. Набошад неъмате дар ҳар ду олам Ҳалол аз пораи нони муаллим.
Худо гар парда бардорад
Худо гар парда бардорад зи рӯи кори одамҳо, Чӣ шодиҳо хӯрад барҳам, чӣ бозиҳо шавад расво. Яке хандад зи ободӣ, яке гиряд зи барбодӣ, Яке аз ҷон кунад шодӣ, яке
Найнома
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад, Аз ҷудойиҳо шикоят мекунад, К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд.
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Як Дара Пур Аз Садо
Об магар мепарад? Об оё пар дорад? Як дара пур аз садост, Як дара шар-шар дорад.
Яккабурс
Хат мекашад гаҳ ошкор, Гоҳе ниҳон чун пойи мор, Печида раҳ аз зери дар То теғаи кӯҳи қатор.
Остона
Аз домани дар Сар мешавад кӯҳ, Кӯҳе, ки сабз аст Бо бурси анбӯҳ.
Офтоб, Эй Офтоб!
Офтоб, эй офтоб, Куҷо мекунӣ шитоб? Чолоку давонастӣ, То куҷо равонастӣ?
Бузғола Бесарӣ Кард
Бузғола бесарӣ кард, Хез ба лаби ҷаре кард, Ба пойи бора афтод, Болои хора афтод.
Ашки Моҳ
Офтоби тамуз тафсон шуд, Хок дар зери пой сӯзон шуд. Сабзаи тар, ки буд дилозурда, Гашт аз гармсер пажмурда.
Кори Муросо Нашуд
Мӯрчае дона кофт, Мӯрчае дона ёфт. Ҳар ду ба вақти сафар Гашт яке ҳамназар.
Се Дӯст
Се дӯст, Се тан раҳнавард, Се кӯҳшиносу кӯҳгард, Се роҳбину гомзан,
Зимистон Дар Кӯҳистон
Фавҷи нуқ раболи барф Сӯйи кӯҳистон омад, Бо як шитобу шигарф Фасли зимистон омад.
Ризқи Фаровон
Барф омаду барф омад, Як барфи шигарф омад. Шуд боғ пур-пури барф, Шуд роғ пур-пури барф.
Арча, Ҷон Арча
Арча, арча, ҷон арча, Зеби зимистон, арча. Мо меҳмони ту ҳастем, Ту моро меҳмон, арча.
Биншастаам…
Фикре наояд бар сарам, Биншастаам, кӯру карам, Ҳушам наёяд ҳеҷ ҷамъ, Ҷонам бисӯзад мисли шамъ.
Барои Чӣ?
Аз саволи беҷавоб Калаам омад ба дард: Барои чӣ сабза сабз? Коҳ барои чӣ зард?
Бовар Бикун! (Чигилак)
Дунё аҷиб асту ғ ариб, Бовар бикун, ҳайрон машав, Саҳронишин шуд андалеб, Кӯҳгард шуд мурғи титав.
Нақли Кӯтоҳи Қади Дароз
Дина дидам як одам, Як одами қ аддароз, Чун дидам, шуд даҳонам Аз ҳайрат, ҷӯраҷон, боз.
Гуноҳи Кист?
Ниҳоли сабзи раҳро канд, Ба сардӣ рӯйи раҳ афканд. Кӣ канд онро? Худи Исо
Гулрӯ Пай Бурд?
Гулрӯ ба даҳ по мениҳад, Ғам модарашро медиҳад. Бе модараш Гулрӯ саҳар Аз дар намонад по бадар.
Гумкардаро Ёбад Асо?
- Касро мадеҳ беҳуда ғам, Боз о, куҷо рафтӣ қалам? - Ҳаргиз маҷӯ, аз хона рафт, Дар нӯлаки бедона рафт.
Хона - Пури Дона
Мӯрча рӯзи тамом Бор кашон-кашон кард, Аз субҳ то дами шом Пур хамбаро зи дон кард.
Суре Бапо Шуд
Гамбуск хеле кор кард, Болои тал шудгор кард. Ҳамсояҳо шодон шуданд, Ҳар сӯ ҳама тозон шуданд.
Мусича
Ҳар саҳар аз пушти дар Мусича ово диҳад, Дон модарам ҳар саҳар Дар пушти дар мениҳад.
Уқоб
Дар осмон пар мезанад, Бар осмон сар мезанад. Аммо ду чашми тезбин Бо меҳр дӯзад бар замин.
Тағобиёрак
Бар рӯйи каф омад маро Бо бӯйи гул, бо бӯйи хор, Гуфтам: - Пари худро кушо, Рав, рав, тағ оямро биёр.
Шамол
Дар деҳ шамоли тирамоҳ Аз субҳ бозӣ мекунад, Сӯйи ба сӯю раҳ ба раҳ Хуш асптозӣ мекунад.
Дарахтон
Таконе дасти сарди бод Ба сахтӣ шохаҳоро дод, Хазон аз шохи хоболуд Ба рӯйи хушки хок афтод.

