Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Убайд Раҷаб
Убайд Раҷаб

Тағобиёрак

Бар рӯйи каф омад маро Бо бӯйи гул, бо бӯйи хор, Гуфтам: - Пари худро кушо, Рав, рав, тағ оямро биёр. То нӯги дастам монд по, Пас боли худро боз кард, Бо як шитобе бар ҳаво Аз дасти ман парвоз кард. Аз рӯйи ҷӯ бигзашту роҳ, Аз соҳили дарё гузашт, То хубтар кардам нигоҳ, Аз доман саҳро гузашт. Ҷойи тағ оям дури дур, Ӯсокини кӯйи дигар… Шояд равад то кӯҳи Чур? Шояд барад аз ман хабар?

Китобҳои муаллиф