Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Убайд Раҷаб
Убайд Раҷаб

Шамол

Дар деҳ шамоли тирамоҳ Аз субҳ бозӣ мекунад, Сӯйи ба сӯю раҳ ба раҳ Хуш асптозӣ мекунад. Девору дарро мезанад Бо мушти сардаш беибо, Монанди гурге медиҳад Пайваста аз мӯрӣ садо. Шохи баланд аз шиддаташ Хам мешавад сӯйи замин, Ҳар бор чун бобои ман Бар хок мемолад ҷабин. Пешу қ афо созад ҷудо Аз шохаҳо бори пасин, Мӯйи ба ҳам печидааст Беди паси боми хасин. Хору хазонро чидааст Ранги ғарам болои ҳам, Дар роҳ марди раҳгузар Душвор бардорад қ адам. Мехоҳад, осон салларо Аз сар барад чун барги коҳ, Бозӣ ба бозӣ ҷомаро Дар тан дарад дар рӯйи роҳ. Қамчӣ ба аспаш мезанад, Ояд садояш аз ҷибол … Ҳусне надорад тирамоҳ Бе ҳазлу бозии шамол. Ҷибол - кӯҳ

Китобҳои муаллиф