Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Убайд Раҷаб
Убайд Раҷаб

Бузғола Бесарӣ Кард

Бузғола бесарӣ кард, Хез ба лаби ҷаре кард, Ба пойи бора афтод, Болои хора афтод. Шохаш шикастаи санг, Пояш шикасту шуд ланг. Бо шохаки шикаста, Бо пойи латтабаста, Дар кунҷи хона хоб аст, Дар оташу дар об аст. Буз дар бараш нишаста, Ҷонест сахт хаста, Мӯест байни оташ, Бо хотире мушавваш. То рӯз аллааш гуфт, Бо сӯз аллааш гуфт. То рӯз шишт бедор Чун посбони бемор… Бузғола бесарӣ кард, Бузғола ҷарпарӣ кард, Модар-ш дар азоб аст, Коре магар савоб аст?

Китобҳои муаллиф