Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Убайд Раҷаб
Убайд Раҷаб

Ашки Моҳ

Офтоби тамуз тафсон шуд, Хок дар зери пой сӯзон шуд. Сабзаи тар, ки буд дилозурда, Гашт аз гармсер пажмурда. Хушк шуд коми сабзи гул бе об, Об шуд нӯшдоруи ноёб. Нолаю оҳи сабзаҳои бадард Рафт то гӯши моҳи танҳогард. Моҳ берун чу омад аз хона, Ашкро кард чун гуҳар дона. Дона-дона ба рӯйи сабза бирехт, Бо лаби хушки сабзаҳо омехт. Боз ҳусне ба гулситон омад, Бар тани рӯҳрафта ҷон омад… Аз ҳамон рӯзи сахт то ба ҳанӯз, Ҳар саҳар чашм чун кушояд рӯз, Нами шаб рӯйи сабза ғ елон аст, Нам наяст, Ашки моҳи тобон аст.

Китобҳои муаллиф