Кори Муросо Нашуд
Мӯрчае дона кофт,
Мӯрчае дона ёфт.
Ҳар ду ба вақти сафар
Гашт яке ҳамназар.
Дона, ки як дона буд,
Дона, ки буд чун нахӯд,
Роҳи гузар баста буд,
Мӯрчаяк хаста буд,
Зери арақ буду об.
Мӯрчаи донакоб.
Хост, ки ёрӣ кунад,
Коргузорӣ кунад.
Бурд сӯйи дона даст,
Мӯрча роҳаш бубаст.
Дӯхт нигоҳи малол
Ҷонибиӯ бо суол:
«Дона, ки моли ман аст,
Чун барӣ бар дона даст?
Дона биёбӣ, ба дон
Даст пас аз он расон!»
Мӯрчаи донабар
Рафт ба фикри дигар.
Мӯрчаи донаҷӯ
Ранҷа шуд аз гуфтиӯ.
Ҷангхар аз дон шуданд,
Мушту гиребон шуданд.
Чӯҷаяки раҳгузар
Гашт зи дон баҳравар…
Ҳарф, ки якто нашуд,
Кори муросо нашуд.
